Бо мақсади тақвият бахшидани иштироки фаъолонаи кормандони мақомоти судӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2023» судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Мастчоҳ корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар мувофиқа бо нақшаи дохилиидоравиии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чоп кардани мақолаҳо дар рӯзномаву маҷалла, телевизион ва радио ба роҳ мондаанд. Вобаста ба самтҳои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақола дар мавзӯи «Таҳкими ҳокимияти судӣ аз Паём сарчашма мегирад» аз тарафи судя Убайдзода М.М. ба чоп расид.