ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз бо иштироки раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Сараввал раиси суд Қурбониён А.Н. ҳамагонро ба рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта иброз намуданд, ки ҳамасола 5 октябр бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ мебошад. Дар давоми маҷлис судя Убайдзода М.М. аз ҷумла, қайд кард, ки дар даврони истиқлоли кишвар таҳти сиёсати ватандӯстонаю миллатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳу манзалати забони тоҷикӣ баландтар гардид. Нақш ва ҷойгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ, воқеан, арзандаи ситоиш аст. Сипас
судя Маликзода О. низ ба сухан баромада, роҷеъ ба забони тоҷикии форсӣ, бузургдошти он, мавқеъ ва манзалати имрӯзаи забон дар ҷомеа ва давлату давлатдорӣ ва амсоли инҳо ибрози назар карданд.
Суратгузориш аз ҷараёни маҷлис
.

Корманди дастгоҳи суди ноҳияи Мастчоҳ Гиёзода А.Ш.