МАҚОМОТИ СУДӢ — КАФИЛИ ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ кормандони мақомоти прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Сангинмоҳ Мирзобекова роҳбарият ва кормандони суди ноҳияи Мастчоҳро бо иди касбиашон табрик намуда саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд.
Бояд гуфт, ки дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои суд ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.
Татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ ва принсипҳои он ва ба амал баровардани ин ҳокимият ба зиммаи суд ҳамчун мақоми махсус вогузор карда шудааст, ки он аз рӯи тартиби муайянкардаи қонун талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро татбиқ намуда, муносибатҳои бавуқӯъомадаро баррасӣ ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, дар ин хусус қарори дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул менамояд. Хушбахтона, маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамари мақомоти судӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам гардида, шахсони донишманду поквиҷдон ба ин гуна вазифаҳои пурмасъулият таъин мешаванд.

Корманди дастгоҳи суди ноҳияи Мастчоҳ Гиёзода А.Ш