ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ҲУҶҶАТИ МУҲИМИ САРНАВИШТСОЗ

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ ба шумор рафта, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян менамояд. Паёми имсола низ ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ, дурнамои рушди устувори кишварро дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир инъикос мекунад.

Дар Паём масъалаҳои муҳими таҳкими Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, боло бурдани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд. Пешвои миллат бо назари илмӣ ва воқеъбинона равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдидҳои муосирро арзёбӣ намуда, роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди мутаносиби давлатро муайян намуданд.

Яке аз мавзуҳои меҳварии Паём масъалаи нақши калиди доштани соҳаи маориф ва илм дар рушди ҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки сармоягузорӣ ба инсон, хусусан, ба таҳсил ва тарбияи насли ҷавон, омили асосии пешрафти давлат маҳсуб меёбад. Дар ин замина, баланд бардоштани сифати таҳсил, такмили мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи бозори меҳнат ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок муайян гардиданд.

Дар Паём ба масъалаи рақамикунонии соҳаи маориф, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ин андешаҳо аҳамияти махсус барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, зеро маҳз дар ин зинаи таҳсил заминаи омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун гузошта мешаванд.

Ҳамзамон, дар Паём ба масъалаи тарбияи ахлоқӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон диққати ҷиддӣ дода шуд. Пешвои миллат, таъкид намуданд, ки дар шароити густариши равандҳои фарҳангии бегона, муассисаҳои таълимӣ бояд ба маркази ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва фарҳанги тоҷикӣ табдил ёбанд.

Дар Паём масъалаи пайвасти илм, маориф ва истеҳсолот ҳамчун омили рушди иқтисоди миллӣ матраҳ гардид. Пешвои миллат зарурати омода намудани кадрҳои рақобатпазир, дорои малакаҳои касбӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба талаботи иқтисоди муосирро таъкид намуданд. Ин равиш аз муассисаҳои таълимӣ тақозо мекунад, ки усулҳои анъанавии таълимро бо усулҳои инноватсионӣ ҳамоҳанг созанд. Дар ин замина, Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади илмӣ-стратегӣ барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, маориф ва илм, аҳамияти бузург дорад. Татбиқи дастуру ҳадафҳои дар Паём ироашуда масъулияти ҳар як омӯзгор, зиёӣ ва корманди соҳаи маориф буда, дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин, донишбунёд ва рақобатпазир нақши ҳалкунанда мебозад.

Судяи сули ноҳияи Мастчоҳ Убайдзода М.М