Вохӯрии раиси суд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Оббурдони
ноҳияи Мастчоҳ
Рузи 16.04.2026 раиси суди ноҳия Мастчоҳ ҳолати содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, вайроншавии оилаҳоро, аз таҷрибаи баррасии парвандаҳо дар панҷ соли охир мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дод. Қайд карда шуд, ки солҳои охир дар ҳудуди ҷамоат содиршавии ҷинояти авбошӣ зиёд гардида ҷиноятхои хусусияти террористӣ ва ифротгароидошта низ ба назар мерасад. Инчунин хуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар барои танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт, ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ зиёд шудааст. Муроҷиатҳо вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ хусусан оилаи ҷавон солҳои охир зиёд шуда истодааст. Раиси суд сабабҳои онро бо мисолҳо, аз таҷрибаи судӣ фаҳмонида қайд карданд, ки мо бояд пеш аз ҳама ба тарбияи фарзандон донишомӯзии онҳо диққати ҷиддӣ диҳем ва аз барвақт хонадор кардани фарзандон худдорӣ намоем. Масъалаи оиладор шавии онҳоро танҳо пас, аз гирифтани маълумоти олӣ ё миёнаи махсус, ки соҳиби касб мегарданд ба миён гузорем. Зарур аст, ки ҷавонон пеш аз хонадор шудан дар бораи якдигар маълумоти пурра дошта бошанд ва ҳамдигарро дида хонадор шаванд, зеро таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки оилаҳои ҷавон дар муддати кӯтоҳ бинобар якдигарнофаҳмӣ ва мувофиқат накардани хислатҳояшон ҷудо шудаанд. Махсус қайд карда шуд, ки “Бесаводии мард гуноҳи худи ӯст, зеро дар ҳаёт уқубатҳои зиёд мекашад, вале бесаводии зан ин бесаводии миллат аст”.
Дар охир шаҳрвандон низ баромад намуда изҳор доштанд, ки барои пешгирии содиршавии ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва вайроншавии оилаҳо кушиш ба харҷ дода дар якҷоягӣ чораҳо меандешанд.
Барои суҳбати судманд ба раиси суд миннатдорӣ баён намуданд.




Суди ноҳияи Мастчоҳ 