Вохурии Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ бо “Пайравони Пешвои миллат”

      Санаи 20 майи соли 2026 Раиси суди ноҳия Мастчоҳ мӯҳтарам  Ҳафиззода Тоҷиддин Миралй  дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умимии №14 бо омӯзгорон ва хонандагон вохури намуд. Дар аввал Раиси суд бахшида ба рузи ҷавонон, хонандагон ва омӯзгоронро  табрик намуда  бо “Пайравони Пешвои миллат “ , оиди “Нақши мақомоти судӣ дар идораи давлатӣ дар кишвар” ва Кониститутсия, ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон  ва оқибатҳои он, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифтротгароӣ дошта, давом додани таҳсили духтарон дар омузишгоҳҳову донишгоҳҳо, ру овардани ҷавонон ба илмомӯзию касб азхудкунӣ,  баромад намуданд. Дар охир гуфтугӯи ошкоро сурат гирифта хонандагон, омӯзгорон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Раиси суд қайд намуданд, ки дар ин муассисаи навбунёди дорои шароитҳои замонавй буда, ки бо ғамхорию дастгирии бевоситаи Пешвои миллатамон мӯҳтарам  Эмомалй Раҳмон бунёд ёфтааст ҷавобан хонандагон бояд тамоми ғайрату қувваи худро барои донишманду мутахассиси хуб шудан сарф кунанд ва танҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд. Вохури дар фазои хуб сурат гирифта ба хонандагону омӯзгорон таасуроти бисёр  гузошта масъулиятшиносии онҳоро нисбати таҳсилоти босифат ва бунёду ҳифзи Ватани маҳбубамон баланд кард.