Бо ташаббуси Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ дар МТМУ №27-и Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ошкорои сайёри судӣ бо парандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 164 ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Баъди баррасии парвандаи ҷиноятӣ Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ бо омӯзгорони МТМУ №27 оид ба тарбия ва пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон ва оқибатҳои он, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротидошта, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо падару модарон бобати давом додани таҳсили духтарон дар омузишгоҳҳову донишгоҳҳо, рӯ овардани ҷавонон ба илмомӯзиву касб азхудкунӣ баромад намуданд.

Суди ноҳияи Мастчоҳ 