Бо вояи дуюми ваксинаи зидди бемории коронавирус (covid-19) фаро гирифтани кормандони суди ноҳияи Мастчоҳ

Субҳи имрӯз, яъне 29 июли соли 2021  дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Мастчоҳ маъракаи ройгони ба ваксинатсияи зидди бемории covid-19 фаро гирифтани кормандони суд баргузор гардид, ки ба кормандони суд вояи дуюми ваксинаи зидди коронавирус аз ҷониби кормандони маркази саломатӣ гузаронида шуд.

Нахуст роҳбарияти суд вояи дуюми ваксинаро гузаронида, сипас судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо вояи дуюми ваксина фаро гирифта шуданд.

Маврид ба қайд аст, ки ин чорабинӣ ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба солимии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистони азиз мебошад.

 

Суди ноҳияи Мастчоҳ