Кӯмаки моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар арафаи иди Саиди Фитр

Чун анъана ҳамасола бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҳукумати кишвар, шахсони саховатманд ва соҳибкорони муваффақ дар рӯзҳои ид баҳри дастгирии оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа, ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон дар намуди маводи ғизоӣ кӯмак расонида мешавад.
Бо пайгирӣ аз ин амалҳои накӯкорона ва тибқи супориши Шумо судяҳои суди ноҳияи Мастчоҳ низ дар арафаи таҷлили иди Саиди Фитр ба панҷ нафар оилаҳои ниёзманд кӯмаки якдафъаинаи моддӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон ва қанд расониданд.