Ҳамкорони азиз, ҳозирини гироми!
Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботананта таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамкорони азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо тинҷию осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва суботу оромӣ орзу менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии ин санади тақдирсозро дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, чунин таъкид намудаанд:
“Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид”. Дар ҳақиқат, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявияӣ, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифи намуда, барои дар ароси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ рушд намудани ҳаёти ҷамъиятӣ имконият фароҳам овард. Аз ин ҷиҳат, мувофиқи таҳлили коршиносони созмонҳои байналхалқӣ он ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи конститутсияҳои беҳтарини дунё эътироф гардидааст. Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллим мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, аз беҳтарин падидаи санадҳои меъёрии кишварҳои мутамаддин ва арзишҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ бархурдор мебошад. Он аз меъёрҳои инсондӯстӣ сарчашма гирифта, марому мақсад ва иродаи кулли мардуми кишварро дар худ ба таври равшан таҷассум намудааст.
Фаъолият ва мақоми ҳокимияти судӣ низ дар конститутсия мақоми хос дорад.
Чунин муқаррароти сатҳи олии ҳуқуқӣ имкон фароҳам овард, ки судҳо дар иҷрои ӯхдадориҳояшон дар самти таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар асоси талаботҳои қонунҳои танзимкунанда амал намоянд. Соли оянда мо 30 — солагии қабули Конститутсияи ҷумҳуриамонро ҷашн хоҳем гирифт. Ҳамаи мо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дорем, ки ин санаи хуҷастаро бо ҳисси эҳтиром ба ин санади волои ормонҳои миллат истиқбол гирем. Зеро тантанаи вахдати миллӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушду инкишофи устувор ва бомароми давлативу ҷамъиятӣ дар марҳилаи имрӯза бо такя ба мазмуну муқаррароти Конститутсия тавассути эҷоди заминаи боэтимоди ҳуқуқӣ амалӣ гардид.
Дар давраҳои минбаъдаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба сатҳу сифати нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ Конститутсия ҳамчун нишонаи аввалин ва муқаддастарини соҳибистиқлолии давлати мо унсури асосӣ ва рукни муҳим хоҳад буд. Бори дигар, Шуморо бо 29 — солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, оромию осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва сарбаландӣ орзу менамоям.
Бо эхтироми хоса Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ Қурбониён А.Н.