Санаи 16 ноябри соли 2023 дар толори суди ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ, муҳтарам Қурбониён Алишо Нарзулло судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аввалан Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Қурбониён Алишо Нарзулло хозиринро бахшида ба ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ ва шахсияти мондагор суханронӣ намуда, қайд карданд: «Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва дар тӯли зиёда аз 30 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд.»
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ГИЁЗОДА АДИБАИ ШАРОФАТУЛЛО