МАҶЛИСИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 16-уми ноябр дар бинои суди ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси суд Қурбониён А.Н., судя Маликзода О., кормандони дастгоҳ котиби маҷлиси судӣ Нурзода А.Ё., Ахмедов Ҷ ва пристави суд Гиёзода А.Ш., маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлиси ҷашниро раиси суди ноҳияи Мастчоҳ Қурбониён А.Н. кушода эълон намуда, аввалан ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, баъдан оиди нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ибрози ақида намуданд.

Дар идомаи маҷлис аз ҷониби кормандони дастгоҳи суди ноҳия низ маърӯзаҳо карда шуданд.