Маҷлиси назоратӣ

Имрӯз, 28 апрели соли 2026 дар суди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд маҷлиси назоратӣ баргузор гардид. Дар маҷлис Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ Ҳафиззода Т.М. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, супоришҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда қайд намуданд, ки супоришҳои мазкур қатъиян бояд ба иҷро расонида шавад.
Раиси суд талаб намуданд, ки иҷроиши банди панҷуми нақшаи корӣ таъмин карда шуда, ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва баромадҳо ба воситаи садо ва симо, фаҳмонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Стратегияиҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бо коррупсия, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, мавқеи оила дар ҷомеа ва таҳкими оиладорӣ, савдои одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зиёд карда шавад.
Раиси суд доир ба маъалаи иҷроиши санадҳои судӣ истода гузашта қайд намуданд, ки то ба имруз баъзе ҳукму қарорҳои суд, ки барои иҷроиш ба иҷрочиёни хадамоти иҷро ва дигар мақомотҳои дахлдор ирсол карда шудаанд, ба иҷро расонида нашудаанд. Аз ин рӯ судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро зарур аст, ки ба кашолколӣ роҳ надода, иҷроиши санадҳои судиро саривақт таъмин намуда, санадҳои судии барои иҷро ирсолшударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Инчунин раиси суд талаб намуданд, ки баҳри беҳтар кардани сифати дарсҳои омӯзишии кормандони дастгоҳ дарсҳо бештар гузаронида шавад, чунки дар протоколҳои навиштаи котибони маҷлиси судӣ хатогиҳо хеле зиёданд, онҳо қоидаҳои дастурамалро ба пуррагӣ риоя намекунанд, инчунин раиси суд қайд карданд, ки протоколи маҷлиси суди бояд бо забони мурофиавӣ навишта шавад.
Раиси суд талаб намуданд, ки рӯйхати парвандаҳои баррасишуда ва мавриди баррасӣ қарордоштаро дар шакли ҷадвал дар сомонаи судӣ ҷой намояд, инчунин таъқид намуданд, ки рӯйхати парвандаҳои баррасишуда ва мавриди баррасӣ қарордоштаро сари вақт фиристанд.
Бо ҳамин маҷлиси назди раиси суди ноҳияи Мастчоҳ аз тарафи раиси суд Ҳафиззода Т.М. ҷамъбаст карда шуд.
Раиси маҷлис. Ҳафиззода Т.М.
Котиби маҷлис Холмуродова Г.Ҷ.