МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БАХШИДА БА 32 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 07.09.2023

Санаи 7 сентябри соли 2023 дар толори суди ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ, муҳтарам Қурбониён А.Н, судя Маликзода О, ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аввалан Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ, муҳтарам Қурбониён А.Н, хозиринро бахшида ба ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Соҳибистиқлолӣ барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлате ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард”.

Сипас, дар давоми маҷлиси ҷашнӣ судя Маликзода О. ва корманди дастгоҳи суди ноҳияи Мастчоҳ Холова Ш.А, дар мавзӯи “Истиқлолият ва дастовардҳои миллӣ”, ва “Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳоқимияти судӣ”, ва дар охир вобаста ба мавзӯи “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давраҳои таърихии ба даст овардани он” котиби маҷлиси судӣ Субҳонқулов А.Р. баромад намуданд.

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ГИЁЗОДА А.Ш.