Раҳнамои зиндагии осоишта
Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ироа мегардад.
Паёми навбатӣ қутбнамое гардид барои гузаштан ба марҳалаҳои нави рушду тараққиёти кишвар. Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварро мавриди таҳлил қарор дода, нақшаҳоро ба соли 2026 муайян намуданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад.
Соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи кадидӣ дорад. Ин нуқта дар Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пайваста таъкид мегардад.
Дар Паёми навбатӣ низ ин соҳаи хаётан муҳим ҳамчун омили калидии таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини ояндаи дурах шони кишвар мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Пешвои миллат дар Паёми худ иброз намуданд, ки бе рушди соҳаи маориф наметавонем ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти миллӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ ноил гардем.
Маориф натанҳо воситаи донишандӯзӣ, балки мактаби тарбияи шаҳрвандони худогоҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад. Яке аз самтҳои муҳими зикршуда дар Паём беҳтар гардонидани сифати таҳсилот мебошад. Президенти кишвар таъкид карданд, ки мутобиқ намудани мазмун ва муҳтавои таълим ба талаботи замони муосир, рушди тафаккури эҷодӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқу техникӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳа ба шумор меравад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илм ва технология омода намудани мутахассисони баландихтисос аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Ҳамзамон, дар Паём ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Пешвои миллат омӯзгоронро нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа номида, таъкид намуданд, ки дастгирии иҷтимоии онҳо, такмили ихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои баланд шудани сифати таълим омили муҳим мебошад. Зеро маҳз омӯзгор метавонад дар дили насли наврас ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашариро бедор созад. Дар Паём, инчунин, ба рушди инфрасохтори маориф, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиди мактабҳои мавҷуда ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо технологияҳои муосир ишора гардид. Ин тадбирҳо барои фароҳам овардани муҳити солими таълимӣ ва дастрасии баробари кӯдакон ба таҳсилоти босифат равона шудаанд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки сармоягузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Нақши маориф дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ низ дар Паём равшан инъикос ёфт. Хосатан, баъд аз Истиқлолияти миллӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим эътибор хеле зиёд гардида, таваҷҷуҳ дар ҳаққи омӯзгорон ҳамасола афзун гардида истодааст, зеро рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз пешрафти илму маориф вобастагии калон дорад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам». Бале, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба ин соҳаи ҳаётан муҳим эътибори алоҳида дода, маблағгузориро ба он зиёд менамоянд. Аз Паёми навбатӣ маълум шуд, ки маблағгузорӣ ба ин соҳаи калидии кишвар имсол низ зиёд гардид.
Таъкид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ кариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар Паём таҳлил гардид, ки дар кишварамон дар муҳлати 25 соли оянда шумораи хонандагон ба чор миллион нафар мерасад. Аз ин рӯ, бояд кадрҳои омӯзгориро тарбия намуда, бунёди муассисахои таълимиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохта, низоми таҳсилот, яъне омодагиро барои гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем. Сарвари давлат дар ин самт Ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор намуданд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, тибқи ҳадафхои нави дар ин самт гузошташуда онро такмил диҳад.
Сарвари давлат имсол низ дастур доданд, ки маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда ша- ванд. Лозим ба ёдоварист, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.
Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Ғамхории беназири Сарвари давлат ҳар як фарди солимфикри кишварро ҳушдор месозад, ки бештару хубтар ба китоб, ба мутолиаи адабиёти бадеӣ рӯй оваранд ва дар ғанӣ гардидани маърифати фарҳангии худ заминаи воқеӣ гузоранд.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давдат «пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад». Махсусан, дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Мардуми ишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Бояд ёдовар шуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат дар сарсухани он аз ҷумла мефармоянд: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».
Тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба ҳар як хонавода низ барои баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихори миллии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Ин ғамхории беназири Сарвари давлат ҳар як фарди солимфикри кишварро ҳушдор месозад, ки бештару хубтар ба китоб, ба мутолиаи адабиёти бадеӣ рӯй оваранд ва дар ғанӣ гардидани маърифати фарҳангии худ заминаи воқеӣ гузоранд.
Тоҷиддин Ҳафиззода,
раиси Суди ноҳияи Мастчоҳ
Суди ноҳияи Мастчоҳ 