Муҳокимаи ҷамъбастии амалияи судӣ            

Баҳри иҷрои нақшаи кории суди ноҳияи Мастчоҳ санаи 29 апрели соли 2026  дар суди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд маҷлиси корӣ вобаста ба муҳокимаи ҷамъбастии амалияи судӣ баргузор гардид.  Дар маҷлис  Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ Ҳафиззода Т.М. маҷлисро кушода қайд намуданд, ки тибқи нақшаи кории суди ноҳияи Мастчоҳ  дар давоми соли 2025 парвандаҳои оилавии баррасигардида «Дар бораи бекор кардани ақди никоҳ»  мавриди омӯзиш  қарор дода шуд. Раиси суд вобаста ба камбудии ошкоркарда судяҳо ва кормандони дастгоҳро уҳдадор карданд, ки камбудиҳои ошкоргардидаро бартараф намоянд ва манбаъд ба ин камбудиҳо роҳ надиҳанд. Аз натиҷаи ҷамъбастӣ ба суроғаи дахлдор  пешниҳод ирсол карда шуд. Ҳамчунин муҳокимаи ҷамъбасти амалияи судӣ  оид ба парвандаҳои маданӣ,  “Вобаста ба бартараф намудани монеагӣ” аз тарафи судяҳои суди ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2025 баррасикардашуда аз тарафи судя Убайдзода М.М. гузаронида шуд.

Бо ҳамин маҷлиси назди раиси суди ноҳияи Мастчоҳ аз тарафи раиси суд Ҳафиззода Т.М. ҷамъбаст карда шуд.


  Раиси маҷлис       Ҳафиззода Т.М.
Котиби маҷлис      Холмуродова Г.Ҷ.