НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Имрӯз, 15 ноябр дар бинои суди ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ” бо иштироки кормандони суди ноҳия доир гардид.

Ҷамъомадро раиси Суди ноҳияи Мастчоҳ Қурбониён Алишо ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ пеш аз ҳама дар муайян намудани сохторҳои давлатӣ, тарзи идора ва мушаххас сохтани принсипҳои асосии давлатдорӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ зоҳир мегардад.

Зикр гардид, ки дар Иҷлосия санадҳои ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки минбаъд барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатдорӣ, самтҳои асосии ҷараёни инкишофи ҷомеа ва бунёди давлатдории навинзаминаи воқеӣ гузошта шудаанд.

Раиси Суди ноҳия Қурбониён Алишо бо таваҷҷуҳ ба хидматҳои бузурги Пешвои миллат дар барқарорсозии ҳокимияти қонститутсионӣ иброз дошт, ки “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта ҳокимияти давлатиро дар мамлакат ба се рукни мустақил-ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ таҷзия намуд ва кафолат дод, ки онҳо баробар фаъолият менамоянд. Иҷлосия фаъолияти идоракунии давлатиро қавӣ намуда, гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ, қабули Конститутсияи ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳимояи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ногузир донист.”

Дар ҷамъомад ҳамчунин доир ба рушду пешравиҳои кишвар дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди босуръати саноат ибрози назар шуд. Ҳамчунин таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, арҷгузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва беҳдошти нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилали мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Суратгузориш аз ҷараёни маҷлис