Рӯзи дарҳои кушод дар қисми ҳарбии 14356 В

Имрӯз, 17.02.2026 тибқи нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дар қисми ҳарбии 14356 В Рӯзи дарҳои кушод баргузор карда шуд.
Дар Рӯзи дарҳои кушод беш аз 300 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур прокурори ноҳия Абдуллозода Абдуллоҷон, судяи суди ноҳия Убайдзода М. сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Сабуров Шаҳриёр, мудири шуъбаи маориф Сафарзода Қудратбек ва намояндагони комиссариати ҳарбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва қисми ҳарбии мазкур суханронӣ намуданд.
Нахуст бо хонандагон суҳбат гузаронида шуда, доир ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули он дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дода шуд.
Сипас, хонандагон аз вазъи будубош, тарзи истифодабарии таҷҳизоти ҳарбӣ, толори варзишӣ ва шароити хизматии сарбозон дидан намуданд. Ҳамчунин, миёни хонандагон ва сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда шуд.
Ҳадафи баргузории Рӯзи дарҳои кушод бо ҷалби хонандагон баланд бардоштани ҳисси ватнадӯстӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллии онҳо мебошад.