ШУКРОНА АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ СОҲИБДАВЛАТӢ БОЯД КАРД

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ба касе пӯшида нест ва касе инкор карда ҳам наметавонад, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат дастовардҳои арзанда хеле зиёданд ва фаъолияти созанда дар ин самт рӯз аз рӯз вусъат гирифта истодааст.

Истиқлолияти мо дар сурате ҳифз мешаваду таҳким меёбад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад. Бояд ба насли наврас моҳияти соҳибистиқлолиро дар заминаи далелу рақамҳои асоснок фаҳмонем, то онҳо арзиши баланди онро дарк намоянд.

Соҳибистиқлолӣ барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ ва нияти нек ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Ин неъмати бебаҳо ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон руҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.

Ҷалби ҳар чӣ бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои муассири муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, самти дигари талошҳои пайгиронаи сиёсатмадори муътабари сатҳи байналмилалӣ, Пешвои муаззами миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ меҳвари асосии фаъолият қарор додааст.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон чунин муроҷиат карда буданд: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».

Боварии комил дорам, ки ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори тамоми қишри ҷомеа мегардад, зеро иҷрои он қарз ва рисолати инсонии ҳар як сокини кишвар мебошад.

Раиси суди нохияи Мастчох
Қурбониён А.Н.