Мубориза бо экстремизму терроризм кори дастаҷамъона аст.

Афзоиши хатарҳои терроризм ва экстремизм сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки аз таҳдидҳои ин зуҳуроти номатлуби аср Тоҷикистон низ истисно нест. Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтаанд, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир буда наметавонад. Маълум аст яке аз хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир ин терроризму экстремизм аст, ки онро вабои аср низ мехонанд. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб ба худ хислати фаромиллӣ ва глобалиро касб менамоянд. Ҳамин аст, ки бо сабаби зуҳури ин таҳаввулоти номатлуби замони муосир давлатҳои алоҳида зери хатар қарор мегиранд ва ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегарданд, ки дар танҳоӣ онҳоро рафъ карда наметавонанд. Муборизаи беамон бо экстремизму терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гуна шакли зоҳиршавии он, хусусан, дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим ба назар мерасад. Имрӯз неруву ҳаракатҳои гуногун маҳз тавассути аъмоли ифротгароёна ниятҳои сиёсии худро пиёда кардан мехоҳанд. Таассуфовар ин аст, ки роҳбарону гумоштагони зархариди чунин ҳаракатҳо пеш аз ҳама ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Истифода аз роҳу равиши экстремистӣ баҳри расидан ба ҳадафи сиёсӣ дар кирдорҳои бади ҷинояткорона, аз қабили ташкилу иҷрокунии амалҳои террористӣ, исёну бетартибиҳои оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ва як қатор аъмоли дигари ғайриқонунӣ зоҳир мешавад.
Бинобар ин дар суди ноҳияи Мастчоҳ баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолии ноҳия тибқи нақша ба роҳ монда шуда гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ низ ба роҳ монда шудааст. Санаи 19.01.2026 сол аз тарафи раиси суд Қурбониён А.Н. дар бинои ҷамоати шаҳраки Бӯстон парвандаи ҷиноятӣ нисбати

Ҳамдамов М.А. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуда ба судшаванда мувофиқи моддаи дахлдори кодекси мазкур ҷазо таъин дода шуд.