Маркази матбуот (Page 2)

Маркази матбуот

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Мастчоҳ дар гирду атроф ва бинои суд корҳои ободони, кабудизоркуни ва чароғонкуни идома дорад. Имрӯз дар гирду атроф ва бинои суд корҳои чароғонкуни гузаронида шуд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои
Тибқи барномаи тасдиқ намудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид аз курси такмили ихтисос гузаштани кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Суғд, ки санаҳои 18 то 23 ноябр дар бинои Суди вилояти Суғд баргузор гардид,кормандони дастгох иштирок доштанд. Дар курси такмили ихтисос ёрдамчии раиси суд Мухторзода М.М. ва пристави суд Гиёзода А.Ш. иштирок намуда соҳиби сертификат
Имрӯз, 15 ноябр дар бинои суди ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ” бо иштироки кормандони суди ноҳия доир гардид. Ҷамъомадро раиси Суди ноҳияи Мастчоҳ Қурбониён Алишо ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ пеш
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ба касе пӯшида нест ва касе инкор карда ҳам наметавонад, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳангию миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Зимни вохӯрӣ бо аҳолии
Рӯзи 16-уми ноябр дар бинои суди ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси суд Қурбониён А.Н., судя Маликзода О., кормандони дастгоҳ котиби маҷлиси судӣ Нурзода А.Ё., Ахмедов Ҷ ва пристави суд Гиёзода А.Ш., маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлиси ҷашниро раиси суди ноҳияи Мастчоҳ Қурбониён А.Н. кушода эълон намуда, аввалан ҳозиринро
Субҳи имрӯз, яъне 29 июли соли 2021  дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Мастчоҳ маъракаи ройгони ба ваксинатсияи зидди бемории covid-19 фаро гирифтани кормандони суд баргузор гардид, ки ба кормандони суд вояи дуюми ваксинаи зидди коронавирус аз ҷониби кормандони маркази саломатӣ гузаронида шуд. Нахуст